даҳон

даҳон
(даҳан)
[دهان // دهن]
1. узви инсон ва ҳайвон, ки забон ва дандонҳо дар он ҷойгир аст
2. қисми саркушодаи зарф, тӯп, шиша ва ғ. ; ҷои даробарои баъзе чизҳои миёнковок, мадхал: даҳони ғор
3. гуфт., маҷ. калима: як-ду даҳон гап задан; як даҳон… гуфтан гуфт. як калима… гуфтан; як бор… гуфтан; дар даҳани… дар даромадгоҳи…, дар ҷои саршавии…. (дара, кӯча, ҷӯи об ва ғ.); як даҳон нон як луқма нон; як бурда нон, пораи нон; аз даҳон монда, аз даҳон афтода кӯҳнашуда, аз истеъмол баромада; обшуста; даҳон ба даҳон ба таври даҳонакӣ, ба тариқи шифоҳӣ; аз даҳан ба даҳан гузашта; даҳон андохтан, даҳон расондан ба касе ё чизе ниг. даҳон задан; даҳон бастан худдорӣ кардан аз гуфтани чизе; хомӯш шудан; даҳони бефаровез доштан а) лаққӣ (сергап) будан; б) дар сухан беибо будан, шуртакгӯй будан; даҳон задан ба касе ё чизе а) талабидан, пурсидан чизеро аз касе; б) ба духтаре талабгор шудан; розигии касеро хостан (дар бораи номзад кардани духтаре); даҳон кушодан (боз кардан) гап задан, сухан кардан; гап кушодан дар бораи чизе; даҳони касеро бастан касеро аз гуфтани чизе боздоштан, касеро ба хомӯш шудан маҷбур кардан (бо ягон кор, хусусан бо ришва забонкӯтоҳ кардан); даҳони касеро хорондан ба нафси касе расида, ӯро ба гуфтани чизе ё ба муноқиша водор кардан; даҳонро пӯшидан хомӯш (ҷим) шудан; даҳон инҷ кардан гуфт. табассуми зӯракӣ кардан, лабханд задан; даҳони касе маҳкам будан сир нигоҳ дошта тавонистани касе; даҳони касе мӯй баровардан аз бисёр гуфтани чизе хаста шудан, зиёд гап зада дилгир шудан; даҳони касе об кушодан, оби даҳони касе рафтан (рехтан, шоридан) ҳаваси касе рафтан ба чизе; сахт муштоқ шудан ба чизе; даҳон ширин кардан а) аз чизи ширину бомаза каме хӯрда ҳаловат бурдан; б) касеро бо ваъдаи хуш, бо ришва ё бо ягон воситаи дигар розию хурсанд кардан; шири модар ба даҳон омадан дар тарбияву таълими касе ё иҷрои коре сахт азоб кашидан; аз даҳон баровардан гуфтан; тасодуфан гуфта мондан, лаққида мондан; аз даҳон баромадан гуфта шудан, изҳор гардидан; банохост гуфта шудани гапе; аз даҳони касе бӯи шир омадан киноя аз хурд будани касе; ноболиғ будани касе; ба даҳон гирифтан чашидан, хӯрдан, нӯшидан; ба даҳони касе задан сухани касеро буридан, ба сухангӯии касе халал расондан; касеро аз гап боздоштан (бо ҷавоби тезу тунд ё луқмапартоӣ); ба даҳони касе мӯҳри хомӯшӣ задан хомӯш кардан касеро, лаби касеро бастан; ниг. даҳони касеро бастан; ба даҳон об гирифтан хомӯш истодан, лаб накушодан, гап назадан; дар даҳони касе гап наистодан сирро нигоҳ дошта натавонистан; дар (ба) даҳон мондани гапи касе қатъ шуда мондани сухани касе, бурида нотамом мондани сухани касе; даҳонро калӯши кӯҳна кардан адаби касеро додан, ҷазои касеро додан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем сделать НИР

Полезное



Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»